Via retumilo malbone traktas stilfoliojn. Tial vi ne povas vidi la ĝustan aspekton de tiu ĉi paĝo.
enirpagho enhavo kontakto
Universala Esperanto-Asocio
starta paĝouea interneagadkampojinformadoĝisdate pri Esperanto › taghika versio

Забони байналмилалии эсперанто

Дар солҳои охир забони байналмилалии эсперанто зуд-зуд дар маркази аҳамияти аҳолии ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад, алалхусус дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳои ақаллияти миллӣ ва имкониятҳои дигар-гунии забонӣ ва маданӣ. Масалан дар моҳи июли 1996 як гурӯҳ мумайизони мустақил дар симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Прага вазъияти қунунии эсперанторо таҳлил карда, барои муоинаи ҳуқуқҳо ва сиёсати забонӣ ба мубоҳиса даъват кардааст.

Манифести Прага баёноти мухтасари мақсаду принсипҳои эсперан-тодононро дарбар мегирад ва диққати асосиро ба демократияи забон ва нигоҳдории гуногуниҳои забон ҷалб мекунад.

Якчанд гурӯҳи байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии бай-налмилалӣ мақсад он доранд, ки мавзӯи забони байналмилалиро барои муҳоқима ба Созмони милали муттаҳид ва Парламенти Аврупо пешниҳ кунанд. Дар соли 2008 Ассотсиатсияи эсперантодонони тамоми ҷаҳон (UEA) зери ҳимояи Комиссари олии Созмони милали муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар дар Женева Симпозиуме оид ба забон ва ҳуқуқи башар гузаронид. Дар давоми с.2008 мавзӯи эсперанто дар бисёр форумҳои байналмилалӣ бахшида ба соли забон диққати иштироқчиёнро ҷалб намуд. Дар сарлавҳаи иттилоот зуд-зуд номи машҳуртарин одамони ҷаҳон монанди барандаи мукофоти Нобел дар соҳаи иқтисодиёт, шаҳрванди Олмон Райнхард Зелтен, чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот шаҳрванди Маҷористон Жужа Полгар, нависандаи машхури ҷаҳон Гарри Гарисон ва дигарон, ки онҳо низ эсперантодонон мебошанд, ба назар мерасад.

150 солагии асосгузори забони эсперанто Л. Заменҳоф дар симпо-зиуми Созмони милали муттаҳид, конгресси байналмилалии эсперантодонони тамоми ҷаҳон дар зодгоҳи ӯ ш. Белостоки Полша ва симпозиуми байналмилалӣ дар Ню-Йорк дар хузури дипломатҳо ҷашн гирифта шуд. Дар соли 2009 Парлумони Полша UEA -ро бори дигар барои гирифтани мукофоти Нобел пешниҳод карда буд.

Ҷамъияти эсперантодонони Муғулистон 70-умин ташкилоти миллӣ мебошад, ки узви UEA шуд. Шаҳри Херсберги Олмон шаҳри Эсперанто эълон гардид. Тафсири эсперантии Википедия аллакай зиёда аз 125000 мақоларо дарбар мегирад. Гарчанде, ки маҷмӯи нави адабиёти англисӣ ба забони эсперанто дар ҳаҷми 700 саҳифа мебошад, энсиклопедияи мухтасар ном дорад.

Маълумоти асосӣ дар бораи эсперанто

Пайдоиш

Падари забони Эсперанто Лудвик Заменҳоф мебошад. Андешаҳо оид ба забони байналмилалии ёридиҳанда дар қатори забонҳои этникӣ нав набуд. Бисёр олимони бузург ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ намуданд, аммо Лудвик Заменҳоф нахустин олиме буд, ки чунин забонро дар асоси забонҳои этникӣ бо сарфу наҳви мантиқӣ сохта буд. Китоби нахустин бо лоиҳаи забони эсперанто дар соли 1887 дар Варшава ба табъ расидааст. Ба туфайли сода ва мантиқӣ будани сарфу наҳв эсперанто дар мӯҳлати кутоҳ аз лоиҳа ба як забони пурқуввате мубаддал гардид.

Сохт ва инкишофи забон

Калимаҳо асосан аз забонҳои Аврупо гирифта шудаанд. Аз нуқтаи назари сарфу наҳв эсперанто монанди забонҳои славянӣ мебошад.Калимасозӣ аз решаҳою унсурҳои асосӣ эсперанторо ба забонҳои аглютинӣ (чун туркӣ, узбекӣ, суахилӣ) наздик меорад. Дар лоиҳа миқдори решаи калимаҳо тақрибан иборат аз ҳазорта буданд. Аз ин решаҳо бо истифодаи унсурҳо (пешвандҳо, пасвандҳо, бандакҳо) тақрибан 15 ҳазор калима сохта мешуд. Луғатҳои ҳозира зиёда аз 20 ҳазор решаро дарбар мегиранд, ки аз ин миқдор хонанда метавонад зиёда аз 120 ҳазор калима созад.

Забони эсперанто рӯз то рӯз мунтазам инкишоф меёбад. Академияи эсперанто инро мушоҳида намуда, калимаҳои навро ба луғати асосӣ (PIV) дохил мекунад. Ҳоло эсперанто дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон истифода бурда мешавад. Мутаассифона, дар бисёр мамла-катҳо ба эсперанто роҳ надоданд ва эсперантодонро чун беватан меҳисобиданд.

Истифодабарандагон

70 Ассотсиатсияи мамлакатҳои ҷаҳон ва зиёда аз 18320 узви алоҳида аз 124 мамлакат аъзои UEA мебошанд. Дар асоси омори узвияти эсперантодонон дар ташкилотҳои гуногун хулоса бароварда метавонем, ки дар панҷ қитъаи Замин миллионҳо эсперантодонон зиндаги ва фаъолият мекунанд.

Омӯзиш

Ҳар кас метавонад зуд муоширатро бо забони Эсперанто ёд гирад. Аллакай баъди як моҳи омӯзиш (тақрибан 30 соат) шахс метавонад мукотиба кунад ва забонро дар саёҳатҳои берун аз кишвар истифода барад. Борҳо испод шудааст, ки донистани эсперанто баъди забони модарӣ барои омӯхтани дигар забонҳои этникӣ ёрии калон мерасонад. Қатъи назар аз самаранокии омӯзишии эсперанто, ин забонро ба барномаҳои мактабҳои миёна ва олӣ дохил накарда истодаанд. Бо ҳамин сабаб бисёриҳо дар дарсҳои ғоибона иштирок карда, ё ин ки худомузӣ карда забони эсперанторо меомӯзанд ва дар маҳфилҳои эсперантодонон касб меомӯзанд меёбанд. Дастурҳои забони эсперанто бо зиёда аз сад забон ба табъ расидааст. Ин дастурҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ ҳам ҷойгир шудаанд (www.lernu.net, www.edukado.net ).

Шинохти расмӣ

Дар соли 1954 Конференсияи умумии UNESKO таъқид кард, ки комёбиҳои эсперанто бо мақсаду мароми UNESKO мувофиқ меояд. Аз ин хотир байни UEA ва UNESKO муносибатҳои расмӣ оғоз гардид. Дар соли 1985 Конференсияи умумии UNESKO дар София ба аъзои худ ва ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат карда, ҳамаи ононро ба омӯзиши забони эсперанто дар мактабҳои миёна ва олӣ ва истифодаи он дар робитаҳои байналмилалӣ даъват кард. Инчунин UEA бо Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии дар назди Созмони милали муттаҳид, UNICEF (Ганҷинаи кӯдакон дар назди Созмони милали муттаҳид, Шӯрои Аврупо, Ташкилоти мамлакатҳои Амрико, ва Ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартизатсия, доир ба ин забон ҳамкориҳоро ба роҳ монд.

Ҷамъомад ва саёҳат

Дар давоми як сол зиёда аз сад ҷамъомад, конференсия ва конгресс бо забони эсперанто мегузарад. Ин чорабиниҳо бе тарҷумон сурат мегиранд. Ҳамоиши бузургтарини эсперантодонон – Конгресси ҷаҳонӣ ҳар сол дар ягон гӯшаи Замин мегузарад ва якчанд ҳазор вакилонро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Чунин конгрессҳо дар солҳои охир дар шаҳрҳои Флоренсия (Италия, 2006), Иокогама (Япония, 2007), Ротердам (Голандия, 2008), Белосток ( 2009, Полша), Ҳаванна (Куба, 2010) гузаштанд. Дар соли оянда конгресс дар Копенҳаген (2011, Дания) мегузарад. Ғайр аз ин, ҳар соли ҷуфт конгреси тамоми Осиё мегузарад. Дар соли 2008 чунин конгресс дар ш. Бангалори қаламрави Ҳиндустон гузашт ва соли 2010 – дар пойтахти Муғулистон ш. Улан-Батор гузашт. Бахши ҷавонони Ассот-сиатсияи эсперантодонони ҷаҳон (TEJO) ҳар сол китобчаи Pasporta servo - ро нашр мекунад, ки дар он зиёда аз 1200 суроғаи эсперан-тодонони зиёда аз 90 мамлакати ҷаҳон ҷойгир мешавад. Ҳар яке онҳо саёҳон-эсперантодононро меҳмондорӣ карда ҷои хоб пешниҳод меку-над.

Тадқиқот ва китобхонаҳо

Якчанд донишгоҳ эсперанторо чун фанни омӯзиш ба курси интер-лингвистика дохил карданд. Баъзеи дигар новобаста ба факултаи донишҷӯи эсперанторо чун забони байналмилалӣ меомӯзанд. Бояд қайд кард, ки донишгоҳи ш.Познан (Полша), барои донишҷӯён курси махсуси эсперанторо пешниҳод мекунад. Фехрасти Ассотсиатсияи забонҳои имрӯзаи ИМА ҳар сол зиёда аз 300 номгӯи мақолаю китобро оид ба эсперанто ба қайд мегирад. Китобхонаи Осорхонаи байнал-милалии эсперанто дар Вена (қисми китобхонаи миллии Австрия) зиёда аз 35 ҳазор китобро дар бар мегирад. Якчанд китобхонаҳои дигар низ ҳастанд, ки зиёда аз 20 ҳазор китоб ба хонанда пешниҳод мекунанд, мисли китобхонаи ба номи Г.Ходлери UEA дар ш.Ротердам, китобхонаи Ассотсиатсияи эсперантодонони Британияи Кабир, Китобхонаи эсперантодонони Олмон дар ш. Аален, китобхонаи донишкадаи Эсперанто дар ш.Токио (Япония). Китобҳоро аз Австрия ва Олмон ҳар кас метавонад бо роҳи шабакаи ҷаҳонӣ фармоиш дода дастрас намояд.

Муносибатҳои касбӣ ва манфиатҳои хусусӣ

Ташкилотҳои касбии эсперантодонон аллакай барои табибон, нависандагон, роҳиоҳанчиён, олимон, бастакорон, сохтмончиён, рассомон ва дигарон ташкил шудааст. Онҳо маҷаллаю рӯзнома нашр мекунанд, вохурӣ , семинару конференсия мегузаронанд, ки дар он эсперанторо чун забони касбӣ истифода мебаранд. Мақола ва китобҳои аслӣ дар бораи ситорашиносӣ, информатика, ботаника, химия, адлия, фалсафа, таърих ва даҳҳо фанҳои дигар ба табъ мерасанд. Дар соли 2009 UEA якчанд китоби классикиро аз чоп баровард. Аз ҷумла китоби Чарлз Дарвин «Пайдоиши зотҳо». TEJO (бахши ҷавонони UEA) вохуриҳои байналхалқӣ гузаронид, ки дар он намояндаҳои ташкилотҳои гуногун (аз ҷумла нобиноён, шоҳмотбозон, гӯштнахӯрандагон, саёҳатчиён ва ғайра) ва равияҳои динӣ (католикон, ортодоксҳо, протестанҳо, бутпарастон,баҳоиён, адвентистҳо, бединҳо ва ғайра) иштирок мекунанд. Дар Ассотсиатсияи ғайримиллии ҷаҳон даҳҳо ҳаракатҳои коргарон ҳамкорӣ мекунанд.

Адабиёт ва тарҷумаи он

Анъанаҳои гул-гулшукуфонии эсперанто аз тарафи Маҳфили байналмилалии нависандагон (ПЕН-клуб) ба эътибор гирифта шудааст. Дар 60-умин Конгресси Маҳфили ПЕН (1993) дар худуди ПЕН маркази нависандагони эсперантодонон ташкил ёфт. Маш-ҳуртарин романнависони ҷаҳон Тревор Стил (Австралия), Иштван Немере (Маҷористон), Споменка Штиметс (Хорватия), шоирон Мауро Нерви (Италия), Мао Зифу (Хитой), Михаил Гишплинг (Исроил), қиссанависон Пробал Дасгупта (Ҳиндустон), Хэмфри Тонкин (ИМА) дар ин Маҳфил ширкат варзиданд. Шоирон Уилям Аулд, Марҷори Боултон, Балдур Рагнарсон чун номзад барои гирифтани мукофоти Нобелдар соҳаи адабиёт эълон гардиданд. Эсперантодонони бисёр мамлакатҳо тазкираи назми халқи хешро эҷод кардаанд. Тарҷумонҳои шинохтаи ҷаҳон адабиёти классикии халқҳои ҷаҳонро ба забони эсперанто омода месозанд. Аз ҷумла, «Пирмард ва баҳр» (Хэмингуэй), «Хукмрони доираҳо» (Толкиен), «Сад соли танҳоӣ» (Маркес), «Устод ва Маргарита» (Булгаков), «Нақораи тунукагӣ» (Грасс), «Шеърҳо» (Рудакӣ) ва ғайра. Барои кӯдакон ва наврасон китобҳои бисёр тарҷума мешаванд. Аз забони эсперанто ҳам ба забони гуногуни ҷаҳон назму наср тарҷума мешавад. Масалан, китоби Тивадор Сорос (падари сармоядор Ҷорҷ Сорос) «Базми ниқобдорон» (1965) ва романи Роман Добҷинский «Кӯчаи Заменҳоф» аз забони эсперанто ба даҳҳо забони ҷаҳон тарҷума шуданд.

Театр ва кино

Дар солҳои охир бисёр пйесаҳои нависандагони бузург ба забони эсперанто тарҷума шудаанд. Аз ҷумла пйесаҳои Шекспир, Голдони, Ионеску, Акборн, Чехов ва дигарон. Пйесаи Шекспир «Шоҳ Лир» дар пойтахти Ветнам ш. Ханой аз ҷониби хунармандони театрҳои Ханой ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар синамо эсперанто камтар истифода бурда шуд. Масалан филми Чарли Чаплин «Ҳукмфармои бузург», якчанд сӯҳбатҳои филми японӣ «Ян Арима» бо забони эсперанто мегузарад. Филми Лесли Стивенс «Кобус» пурра бо забони эсперанто ба навор гирифта шуд.

Мусиқӣ

Мухлисони мусиқӣ метавонанд бисёр сурудҳои миллии ҳозиразамона ва порчаҳоро аз операҳо гӯш кунанд. Якчанд сурудҳои албоми «Эсперанто» дар ташхиси байналхалқӣ мукофоти баланд гирифтанд. Студияи франсавӣ «Винилкосмо» дар соли 2000 як силсила қурси компактӣ иборат аз 10 дона нашр кардааст, ки дар онҳо ҳазорон сурудҳои халқҳои ҷаҳон бо забони эсперанто сабт шудаанд.

Нашрияҳои даврӣ

Ба забони эсперанто садҳо маҷаллаю моҳномаҳо аз чоп мебароянд. Аз ҷумла, маҷаллаи UEA «Esperanto» ва маҷаллаи иқтисодӣ ва ҷамъ-иятию сиёсии «Monato». Баробари инҳо, оиди илму санъат як қатор маҷаллаҳо чоп мешаванд. Бисёр маҷаллаҳо соҳавӣ мебошанд, аз ҷумла, тиббӣ, динӣ, адабиёту сиёсӣ ва ғайра. Аксарияти онҳо намунаи электронӣ ҳам доранд, ки хонанда метавонад онҳоро тавассути шабакаи интернет дастрас кунад.

Радио ва телевизион

Радиоҳои Бразилия, Ватикан, Италия, Маҷористон, Куба, Полша, Хитой мунтазам радиошунавониро бо забони эсперанто мегуза-ронанд. Ҳар кас метавонад ин барномаҳоро аз тарики интернет шунавад. Телевизиони бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бошанд якчанд филмро бо забони эсперанто ба тамошобинон пешкаш карданд.

Интернет

Дар хизмати эсперантодонон якчанд форумҳо, чатҳо ва навигариҳои ҳаррӯза, ки ҳомили мавзӯъҳои гуногун мебошанд, аз истифода бурдани эсперанто дар оила то назарияи нисбият, Шумораи сайтҳо бо забони эсперанто аз сад ҳазор зиёданд. Эсперанторо дар барномаҳои ICQ, IRC, MSN ва Skype истифода мебаранд. Системаи амалиётии Windows ва барномае, ки матни эсперанторо аз рӯи сарфу наҳв месанҷад, вуҷуд дорад. Сайтҳои оммавии Vikipedia, Fasebook, Ipernity бо забони эсперанто истифода бурда мешаванд.

UEA китоб, маҷалла ва китоби солонаро бо рӯйхати ташкилотҳои эсперантодонон ва эсперантодонони яккачин, ки намояндаи Ассотсиатсияи эсперантодонони тамоми ҷаҳон (UEA) мебошанд, аз www.uea.org/katalogo дастрас кунед. Дар дукони китоби UEA зиёда аз 5000 номгӯи китобҳо, кассетаҳою CD ва DVD вуҷуд доранд.

Маълумоти иловагиро метавонед аз UEA гиред:

Universala Esperanto Asocio
Nieuwe Binnenweg 176, NL-3015,
BJ Rotterdam, Nederland
тел +31-10-4361044; fax 4361751
info@uea.org

http://www.uea.org

http://esperanto.freenet.tj

http://uea.org/info/ruse/ghisdate-ru.html